Ссылки доступа

Бо айби куштори сафири Русия дар Туркия панҷ касро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд


Додгоҳе дар Туркия бо айби куштори сафири Русия дар ин кишвар Андрей Карлов панҷ айбдоршавандаро ба ҳабси абад маҳкум.

Сафири Русияро моҳи декабри соли 2016 дар як намоиши аксҳо дар Маркази санъати муосири Анкара куштанд.

Ба навиштаи расонаҳо, дар маҷмуъ дар ин парванда 28 кас айбдор мешавад. Шаш тан аз 5 то 9-солӣ зиндонӣ шуданд, шаш каси дигар сафед шуданд, чанд тани дигар ғоибона маҳкум шуданд.

Куштори сафир шоми 19 декабри соли 2016 рух дод. Мавлуд Мерт Алтинтош, пулиси 22-солаи турк сӯи сафир тир кушод. Мавлуд дар ҷои ҳодиса кушта шуд.

Муҳокимаи парвандаи қатли сафир моҳи январи соли 2019 шуруъ шуд. Куштори сафирро ба рӯҳонии турки муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гюлен рабт доданд. Созмони ӯро дар Туркия террористӣ унвон кардаанд. Гӯё Гюлен бо қатли сафир мехост, муносибатҳои Туркия бо Русия бад шавад. Гюлен ин айбҳоро рад мекунад.

Андрей Карлов дар соли 2013 сафири Русия дар Туркия таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG