Ссылки доступа

Узбекистон дар тарҳҳои мухталифи Қирғизистон $50 млн сармоягузорӣ мекунад


Узбекистон барои тарҳҳои мухталифи иқтисодии Қирғизистон 50 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора рӯзи 9 март дар як ҷаласаи порлумонии Қирғизистон хабар дода шуд.

Дар ҷаласаи порлумон вакилон созишномаи ташкили Бунёди рушди Қирғизистону Узбекистонро қабул карданд.

Бино ба созишнома, Узбекистон барои Қирғизистон маблағ ҷудо мекунад, шӯрои бунёд ташкил мешавад, ки дар он намояндагони Қирғизистону Узбекистон шомил мешаванд.

Тасмими ташкили бунёди муштарак байни ду кишвар ҳанӯз соли 2017 гирифта шуда буд.

Пештар хабар расида буд, ки Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзҳои 11-12 март ба Узбекистон меравад.

XS
SM
MD
LG