Ссылки доступа

Шаҳрҳои Нурсултону Алмато аз нигоҳи теъдоди мубталоёни Ковид-19 ба минтақаи "сурх" шомил шуданд


Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Қазоқистон субҳи 10 март эълом кард, ки шаҳрҳои Нурсултон ва Алматои ин кишвар ба иллати суръати баланди афзоиши мубталоёни коронавирус дар онҳо ба минтақаи "сурх" шомил шуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти беҳдоштии Алмато, давоми як шабонарӯзи ахир дар шаҳр 160 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавируси нав сабт шудааст. Чанд ҳафта мешавад, ки дар Алмато рӯзона беш аз 100 кас ба коронавирус гирифтор мегарданд.

Рӯзи сешанбе дар пойтахти Қазоқистон 143 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро ошкор кардаанд.

Шаҳру вилоятҳои Қазоқистон аз нигоҳи теъдоди мубталоёни нав бо рангҳо табақабандӣ шудаанд. Шаҳр ё вилояте, ки дар он рӯзона беш аз 100 кас ба коронавирус гирифтор мешаванд, ба минтақаи "сурх" шомил мегардад.

Аз моҳи марти соли гузашта то ба ҳол дар Қазоқистон мубталошавии 219 325 кас ба коронавируси нав тасдиқ шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, 2 819 шаҳрванди ин кишвар бар асари коронавирус ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG