Ссылки доступа

Додситонии Қирғизистон аз даъвояш зидди блогер Сидиманов даст кашид


Намояндаи Додситонии кулли Қирғизистон 10 март дар ҷаласаи додгоҳӣ аз даъвои ин ниҳод зидди блогер Элмирбек Сидиманов даст кашидааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон, ташхиси судӣ-забоншиносӣ дар суханҳои Сидиманов хусусияти барангехтани бадбинии қавмӣ ва даъват ба хушунатро ошкор накардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ пештар барои блогер 6 соли зиндон хоста буд.

Элмирбек Сидимановро 17 феврали соли гузашта бо гумони барангехтани бадбинии қавмӣ боздошт ва ду моҳ ҳабс карданд. Додгоҳи шаҳри Бишкек 28 феврал дархости вакили дифои блогерро қабул карда, ҳукми ҳабси пешакии вайро ба ҳабси хонагӣ тағйир дода буд.

Ба ҳабси блогер ҳарфҳое сабаб шуданд, ки ӯ ҳангоми пахши мустақим тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар бораи лаҳҷаҳо баён дошт.

XS
SM
MD
LG