Ин қазоқтаборон, ки ба инъикоси масоили поймолсозии ҳуқуқи ақалиятҳо дар Чин машғул буданд, дар Қазоқистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ба Кайша Акан, ки соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кард, шоми 21 январи имсол дар шаҳри Алмато ҳамла шуд.
Мурагер Олимулӣ, фирории дигар аз Шинҷони Чин, ки низ соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кардааст, дар шаҳри Нурсултон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Намояндагони сафорати ИМА бо қазоқтаборони фирорӣ аз таъқибҳо дар Шинҷон мулоқот карданд. Саргузашти онҳоро бояд шунид ва шахсоне, ки ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт мекунанд, бояд худро дар амн эҳсос кунанд", - омадааст дар иттилоияи сафорати Амрико дар Твиттер.
Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки ҳамла ба қазоқтаборони фирорӣ ангезаи сиёсӣ дорад. Пулиси Қазоқистон он замон гуфт, ҳамла ба ин ду нафарро таҳқиқ мекунад, вале то ҳол омилони ҳамлаҳо боздошт нашудаанд.