Ссылки доступа

Омӯзгорони Андиҷон пеш аз сафари Мирзиёев кӯчаҳоро тоза ва деворҳоро ранг мекунанд


В Пахтаабадском районе Андижанской области готовятся к возможному визиту президента Шавката Мирзияева, 6 марта 2021 года.
В Пахтаабадском районе Андижанской области готовятся к возможному визиту президента Шавката Мирзияева, 6 марта 2021 года.

Дар пайи сафарҳои дохилии ғайриэъломшудаи президент Шавкат Мирзиёев дар маҳаллаҳои баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Узбекистон корҳои ободонӣ оғоз шудааст.

Дар шаҳру деҳаҳои вилояти Андиҷон, ки эҳтимол меравад, рӯзҳои наздик Мирзиёев аз он боздид кунад, бо шитоб кӯчаҳоро асфалтпӯш ва деворҳоро ранг мекунанд.

Ба гуфтаи фаъолони маҳаллаҳо, тамоми ин корҳои ободонӣ бо дастури раиси вилояти Андиҷон аз ҳисоби кормандони давлатӣ ва соҳибкорон анҷом дода мешавад.

Дар баъзе аз ноҳияҳои Андиҷон кормандони муассисаҳои буҷавӣ деворҳоро ранг мекунанд. Як корманди бахши маорифи Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, вазифаи асосии худро як тараф гузошта, ҳоло бо ранг кардани девори хонаҳои сокинон машғул ҳастанд.

Дар аксҳое, ки ҳамсуҳбати мо фиристод, дида мешавад, одамон кӯчаҳоро мешӯянду девор ва дарвозаи хонаҳои сокинонро ранг мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир санаи дақиқи сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёв ба вилояти Андиҷон маълум нест.

XS
SM
MD
LG