Ссылки доступа

ИМА барои дастгирии иқтисодаш дар давраи пандемия наздики $2 триллbон ҷудо кард


Маҷлиси намояндагони ИМА маҷмуи чораҳоеро барои дастгирии иқтисоди ин кишвар дар ҳаҷми наздики ду триллион доллар қабул кард. Ин пешниҳодро президенти ИМА Ҷо Байден ироа карда, ба ҷонибдорӣ аз он танҳо демократҳои маҷлис раъй доданд.

Қарор аст, маблағи мазкур ба эмкунии шаҳрвандон зидди коронавирус, дастгирии соҳибкории хурд, афзоиши кумакпулӣ барои бекорон ва кӯдакон равона карда шавад. Ба ҳисоби расонаҳои амрикоӣ, наздики 90 дарсади хонаводаҳо аз ин кумак бархурдор хоҳанд шуд.

Раъйгирие, ки роҷеъ ба санади мазкур баргузор шуд, охирин баррасии он дар маҷлис буд. Сенати Амрико пештар пешниҳоди Байденро қабул карда буд, вале ба он тағйирот ворид карда, барои баррасии дубора ба Маҷлиси намояндагони Конгресс фиристод.

Қарор аст, президенти Амрико санадро рӯзи ҷумъа, 12 март имзо кунад.

XS
SM
MD
LG