Ссылки доступа

Ҷоизаи Лоҳутиро имсол ба шаш нафар доданд


Объявление лауреатов премии имени Лохути. 11 марта 2021 года
Объявление лауреатов премии имени Лохути. 11 марта 2021 года

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март зимни маросиме ба муносибати Рӯзи матбуот, барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.

Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни маросим дар толори Китобхонаи миллӣ гуфт, барои дарёфти ҷоиза 35 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ҳайати комиссия дар бахши радио ҷоизаи Лоҳутиро ба Худоёр Валиев аз Радиои Имрӯз, дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз ТВ Тоҷикистон, тақдим кард. Ба гуфтаи раиси Иттифоқи журналистон дар бахши матбуот муддаиён зиёд буданд ва се нафар – Ноилшо Нуралиев аз "Омӯзгор", Ҳақназар Каримзода аз "Мароми пойтахт", Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи "Шаҳриёр"-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Ораш Алоӣ, "коршиноси сол", сардабири рӯзномаи "Садои мардум" Самариддин Асоев -- "сардабири сол", хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон " --журналисти сол", "Бонувони Тоҷикистон"-- маҷаллаи сол, ТВ Варзиш -- телевизиони сол, Радиои Тоҷикистон -- Радиои сол, "Инсон ва табиат"-- нашрияи соҳавии сол, Молия ва ҳисобдорӣ -- маҷаллаи соҳавии сол ва "Адабиёт ва санъат" -- рӯзномаи сол, дониста шуданд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи "Правда" - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди Пайванди Гулмуродзода, устоди равоншоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик, Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии "Бухорои Шариф" гирифта шудааст. "Бухорои шариф" бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.​

XS
SM
MD
LG