Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Узбекистон омад


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ имрӯз, 11 март вориди Узбекистон шуд.

Дар ин сафар Ҷабборов бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад. Ҷабборов ҳамчунин бо раиси палатаи болоии порлумони Узбекистон, раиси палатаи поёнӣ ва сарвазири Узбекистон мулоқот хоҳад кард.

Дар доираи ин сафар баргузории форуми тиҷории Қирғизистону Узбекистон низ дар назар аст.

Содир Ҷабборовро 20 мансабдори баландпояи Қирғизистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст, баъд аз сафари Узбекистон Ҷабборов ба Тоҷикистону Туркманистон ва Чин сафар кунад.

XS
SM
MD
LG