Ссылки доступа

Раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи Қирғизистон 11 апрел баргузор мешавад (видео)


Раъйпурсӣ барои тағйир додани Конститутсияи Қирғизистон 11 апрели соли 2021 баргузор мешавад. Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи баргузории раъйпурсиро қабул карданд.

Ба ин тартиб, раъйпурсӣ ҳамроҳ бо интихоботи маҳаллӣ баргузор мешавад.

8 феврали соли ҷорӣ Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо имзои фармоне баргузории интихоботи маҳаллиро 11 апрел таъйин карда буд.

Рӯзи 17 феврал порлумони он кишвар ба баррасии тарҳи нави Конститутсия шуруъ кард. Тарҳи нав шакли идории президентӣ, таъсиси Курултойи Мардумӣ, инчунин коҳиши теъдоди вакилони порлумонро аз 120 ба 90 дар назар дорад.

Дар тарҳи нави Конститутсия омадааст, ки як шаҳрванд наметавонад, бештар аз давраи 5-сола ҳамчун президент интихоб шавад. Бино ба Конститутсияи амалкунандаи Қирғизистон, як шаҳрванд ҳаққи як маротиба барои шаш сол президент интихоб шуданро дорад.

Дар ҳамин ҳол, тарҳи комили Конститутсия дар дастраси умум қарор надорад. Вакилони порлумон низ тарҳи комилро надидаанд. Баррасии тағйиро дар порлумони Қирғизистон низ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Мунтақидон мегӯянд, сокинон бо тарҳи нав ошно нестанд, коршиносон низ бо он шинос нашуда ва муҳтавои онро ба мардум нафаҳмондаанд.

XS
SM
MD
LG