Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷонибаи ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Мирзиёев баъди мулоқот гуфтааст, мардум бояд натиҷаи воқеии ҳамкориҳоро эҳсос кунанд ва бубинанд, ки раҳбарони давлатҳо "аз сухан ба амал" гузаштаанд.
Раҳбарони Узбекистону Қирғизистон ҳамчунин роҷеъ ба афзоиши табодули мол, бартараф кардани тамоми монеаҳо, тақвияти ҳамкорӣ миёни соҳибкорону доираҳои тиҷорӣ, таъсиси бунёди сармоягузории ду кишвар, истифодаи босамари тавонмандии нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи обу барқ ва масъалаҳои марзӣ ба созиш расидаанд.
Ҷабборов дар навбати худ гуфтааст, Қирғизистон ба тавсеаи ҳамаҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ба ҳамкорӣ ҷиҳати фароҳам кардани шароит барои дастрасии молу хидматрасонӣ дар бозорҳои ду кишвар бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми табодули мол то ба 2 миллиард доллар омодааст.
Президенти Қирғизистон 11 март бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Узбекистон рафтааст.