Ссылки доступа

Ширкати миллии ҳавопаймоии Чех муфлис эълом шуд


Додгоҳе дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ширкати ҳавопаймоии Czech Airlines-ро муфлис эълом кард.

Ширкат дар шароити пандемияи коронавирус дар ҳолати вазнини иқтисодӣ қарор гирифта, ба додгоҳ барои муфлис эътироф шуданд, дархост бурд.

"Додгоҳ аз қарздиҳандагони ширкат даъват мекунад, ки давоми ду моҳ талабҳои худро эълом кунанд", - омадааст дар қарори додгоҳ, ки рӯзи 10 март эълом шуд.

Ба иттилои додгоҳ, қарзи ширкат ба наздики 80 миллион доллар мерасад.

Ширкат гуфтааст, дар давраи вабо аз сӯи ҳукумат пуштибонӣ надида ва ин сабаби варшикастагиаш шудааст.

XS
SM
MD
LG