Ссылки доступа

Узбекистон имсол ба 33 ҳазор шаҳрвандаш тариқи ипотека хона медиҳад


Дар Узбекистон соли 2021 барои сокинони ин кишвар беш аз 33 ҳазор хона тариқи ипотека пешниҳод карда мешавад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 11 март фармонеро ба имзо расондааст.

Фармон мақомоти Узбекистонро вазифадор мекунад, ки ба хотири таъмини сокинон бо манзили зист тариқи низоми ипотека соли равон дар он кишвар 33 ҳазору 114 хона бунёд кунанд.

Тартиби ироаи қарз ба шахсони воқеӣ барои бунёд ва бозсозии хонаҳои хусусӣ дар ҳама минтақаҳои Узбекистон ҷорӣ шудааст. Пештар ин низом танҳо дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона ҷорӣ буд.

Қарзҳо барои бунёди 6500 ҳазор хонаи хусусӣ дар тамоми минтақаҳои Узбекистон, аз ҷумла 500 хона дар Қарақалпоқистон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG