Ссылки доступа

Соҳибкорони узбеку қирғиз ба маблағи наздики $1 млрд созишнома имзо карданд


Дар доираи форуми соҳибкорони Узбекистону Қирғизистон, ки 11 март дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, миёни ҷонибҳо 291 созишномаи сармоягузорӣ ва тиҷорӣ ба маблағи 935,1 миллион доллар имзо шудааст.

Дар ин бора Вазорати сармоягузорӣ ва рушди савдои берунии Узбекистон хабар дода, гуфтааст, тайи солҳои ахир шумори ширкатҳои муштараки қирғизиву узбекӣ ду баробар ва табодули мол миёни бо Қирғизистон панҷ баробар зиёд шудааст.

Ба огаҳии вазорат, сарфи назар аз оқибатҳои манфии пандемия ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG