Ссылки доступа

Мирзиёев: Тошканду Бишкек масоили марзиро дар 3 моҳ ҳал карданианд


Узбекистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки дар давоми се моҳи оянда масъалаи таъйин ва аломатгузории хатти марзҳои давлатии худро ба поён расонанд.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёёев 11 март дар як нишасти хабарӣ баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ содир Ҷабборов дар шаҳри Тошканд хабар дод.

"Баъзе аз масъалаҳоеро, ки мардум мунтазиранд, дар наздиктарин муддат ҳал хоҳем кард. Масъулияти воқеан ҷиддиро бар зимма мегирем, то шаҳрвандони ду кишвар роҳат ва хуб зиндагӣ кунанд", - гуфт Мирзиёев.

Қирғизистон бо Узбекистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки 1170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст. Дар миёни ду кишвар 9 минтақаи баҳсӣ вуҷуд дорад ва ин номуайянӣ дар бештари маврид боиси низоъҳои марзӣ миёни сокинони дуҷониб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG