Ссылки доступа

Дар Узбекистон заминҳоеро, ки бо амри президент ба ҷавонони бекор доданд, пас мегиранд (видео)


Администрация Кошрабадского района Самаркандской области отобрала у молодых безработных людей предоставленные ранее сельскохозяйственные угодья.
Администрация Кошрабадского района Самаркандской области отобрала у молодых безработных людей предоставленные ранее сельскохозяйственные угодья.

Дар ноҳияи Қошрабоди вилояти Самарқанд аз 14 сокини маҳаллаи "Кийким" заминҳоеро дубора бозпас мегиранд, ки дар асоси як фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев барои бекорияшон ба онҳо дода шудааст.

Масъулони ҳукумати Қошрабод ба раҳбарии муовини раиси ноҳия оид ба умури ҷавонон Холбек Кубоев 24 феврал барои 14 ҷавони бекор аз маҳаллаи "Кийким" 0,40-гектарӣ замини корам ҷудо карда буданд.

Ба гуфтаи ҷавонон, масъулони ҳукумати Қошрабод ҳатто ваъда доданд, ки дар гирифтани қарзи боимтиёз барои кашидани қубури об барояшон кумак низ хоҳанд кард.

Вале баъди он ки ҷавонони мазкур омодагиҳо барои киштро оғоз карданд, масъулони ҳукумати Қошрабод гуфтаанд, заминҳоро дубора пас мегиранд.​ "Фикр мекунам, ин корҳо ҳамааш барои ҳисобот буд. Ҳоло мегӯянд, ки дар тақсими замин каме ба иштибоҳ роҳ дода шудааст ва фиреб медиҳанд, ки ба шумо дар ҷои дигар 0,25-гектарӣ замин хоҳем дод", - гуфт яке аз ҷавонон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Президенти Узбекистон 27 январ дар ҷаласае дастур дод, ки ҷавонони бекори ин кишвар бо замин таъмин карда шаванд.

"Бигузор ҳар як кишоварз дугектарӣ - 0,5-гектарӣ ба чаҳор ҷавон замин ҷудо кунад. Ҳар чизе мехоҳанд, кишт кунанд, касе ба онҳо халал нахоҳад расонд", - изҳор дошт Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG