Ссылки доступа

Кушторҳои бештари эътирозгарон дар Мянмар ва таъхири додгоҳи Аун Сан Суҷи


Кхин Маунг Зау, адвокат находящихся под арестом лидера Аун Сан Су Чжи и президента Бирмы Вин Мьина, отвечает на вопросы журналистов. Нейпьидо, 15 марта 2021 года.
Кхин Маунг Зау, адвокат находящихся под арестом лидера Аун Сан Су Чжи и президента Бирмы Вин Мьина, отвечает на вопросы журналистов. Нейпьидо, 15 марта 2021 года.

Тими ҳуқуқшиносони Аун Сан Суҷи гуфт, ки мурофиаи маҷозии раҳбари мадании Мянмар бо сабаби рух додани мушкилоти интернетӣ барпо нашуд, дар ҳамин ҳол дар ин кишвар дар паи саркӯбҳои тозаи эътирозҳо панҷ нафари дигар кушта шудааст.

Дар як навори видеоии 15-уми марте, ки оҷонсии Рейтерс нашр кард, вакили дифоъ Хин Маунг Зо гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ то нӯҳ рӯзи дигар ба таъхир афтод ва ба гуфтаи ӯ, ба Сансуҷӣ иҷоза доданд, ки аз ҳуқуқи ӯ ду вакилаш намояндагӣ кунанд.

Раҳбари 75-солаи Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз 1-уми феврал ба ин сӯ дар боздошт аст. Ӯро дар нақзи қонуни мухобирот ва меъёрҳои санитарии давраи коронавирус гунаҳгор мекунанд, ки тарафдоронаш онро сохташуда меноманд. Мақомоти низомии Мянмар инчунин ӯро дар ғайриқонунӣ ба даст овардани 600 ҳазор доллар пул ва ҳаҷми калони тило гунаҳгор мекунанд.

Мянмар, ки дар ҷанубушарқи Осиё ҷойгир аст, аз замони ба ҳабс гирифта шудани Аун Сан Суҷиву чанд раҳбари дигари мадании кишвар бо эътирозҳои азиме рӯбарӯ шудааст. Раҳбарони низомӣ талош мекунанд, ки ҳарчи бештар ин эътирозҳоро саркӯб кунанд ва то ҳол дар бораи кушта шудани 120 нафар гузориш мешавад. Ин оморро гурӯҳи назоратии Анҷумани кӯмакрасон ба зиндониҳои сиёсӣ нашр кардааст.

Рӯзи 15-уми март ба иттилои шоҳидон, дар шаҳри марказии Мингуан се нафар кушта шуд. Дасти кам ду нафари дигар дар Аунглан, воқеъ дар ҷануби кишвар кушта шуданд.

Рӯзи 14-уми март дар нуқоти мухталифи кишвар дастикам 38 нафар кушта шуд ва ҳамлагарон дар шаҳри Рангун ба корхонаҳое, ки бо пули чинӣ кор мекунанд, ҳамла намуданд.

XS
SM
MD
LG