Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон: хабари боз шудани долони махсус барои Сӯх дуруғ аст


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 15 март дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ сафари давлатии худ ба Узбекистон ва дидору гуфтугӯяш бо раҳбари он кишвар Шавкат Мирзиёевро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, миёни Узбекистону Қирғизистон дар мавриди ҳалли баҳсҳои марзӣ ихтилофи бузурге вуҷуд надорад ва раиси Кумитаи амнияти кишвараш Камчибек Ташиев 24-25 март барои имзои санадҳои лозимӣ дар ин замина ба Тошканд хоҳад рафт.

Президенти Қирғизисто вазъи марбут ба анклави Сӯхро низ шарҳ дод. "Мо гуфтем, ки парвози ҳавопаймо ба Сӯх иҷозат дода шуда, гузаргоҳи марзӣ низ боз мешавад. Вале мухолифон дар интернет хабарҳоеро паҳн кардаанд, ки гӯиё "барои Сӯх долони махсус ҷудо мешавад", ки ин ҳақиқат надорад. Дар мавриди Ункур-Тоо худи Мирзиёев гуфт, ки "ҳеч даъвое надорем, бигузор аз шумо бошад", - гуфт Ҷабборов.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Галина Байтерек 13 март дар шарҳи сафари давлатии Ҷабборов ба Узбекистон гуфт, "ҷониби Қирғизистон омодааст, роҳи мошингард ва ҳавоиро ба анклави Сӯх боз кунад ва сокинони он минтақаи Узбекистон метавонанд озод марзро гузаранд. Дар иваз, ҷониби Узбекистон омодааст, Унгар-Тоо-ро, ки то ин дам минтақаи баҳсӣ ҳисоб мешуд, ба Қирғизистон диҳад.

XS
SM
MD
LG