Ссылки доступа

"Машварат"-и хоҳари президенти Куриёи Шимолӣ ба Ҷо Байден


Ким Е Чен
Ким Е Чен

Хоҳари Ким Чен Ин, президенти Куриёи Шимолӣ ИМА-ро ҳушдор додааст, ки бо Куриёи Ҷанубӣ размоишҳои низомии муштарак анҷом надиҳад.

Расонаҳои Куриёи Шимолӣ изҳороти Ким Е Ченро як рӯз пеш аз сафари ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба шаҳри Сеул нашр карданд. Нашрияи "Нодон Синмун"-и Ҳизби меҳнати Куриёи Шимолӣ "машварат"-и Ким Е Чен ба маъмурияти президент Ҷо Байденро нашр кардааст.

"Бо истифода аз фурсат мехоҳам, маъмурияти президенти нави Амрикоро ҳушдор диҳам, ки дар замини мо бӯи борутро нахезонанд. Агар мехоҳанд, дар давоми чор соли оянда ором нишинанд, пеш аз ҳама бояд аз ин кор худдорӣ варзанд", - иқтибос овардааст нашрия аз изҳороти хоҳари президенти Куриёи Шимолӣ.

Пештар намояндаи ИМА хабар дода буд, ки талош доранд, дар давоми чанд ҳафтаи оянда тамосҳо бо Куриёи Шимолиро барқарор созанд. Пхеняни расмӣ то ҳол дар бораи эътирофи тағйири қудрат дар Амрико изҳоротеро ба нашр нарасонда буд.

Ҷо Байден дар маъракаҳои пешазинтихоботии худ президенти Куриёи Шимолиро "роҳзан" номида буд. Ӯ гуфт, сабуктар шудани таҳримҳои Амрико ва СММ зидди Пхенян бидуни оғози раванди маҳви таслиҳоти ҳастаии Куриёи Шимолӣ номумкин аст.

XS
SM
MD
LG