Ссылки доступа

Порлумони Туркманистон унвони "Сагпарвари халқӣ"-ро таъсис дод


Статуя алабая в Ашхабаде
Статуя алабая в Ашхабаде

Порлумони Туркманистон лоиҳаи қонун дар бораи таъсиси унвонҳои фахрии "Сагпарвари шоиста" ва "Сагпарвари халқӣ"-ро қабул кард.

Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба расонаҳои расмии Туркманистон иттилоъ дод. Вакилони порлумони Туркманистон таъсиси унвонҳои мазкурро ба "талошҳои президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои ҳифз ва машҳур гаштани мероси фарҳангӣ-таърихии миллӣ" рабт додаанд.

Бердимуҳаммадов бо рамзҳои пешниҳодӣ барои сагпарварони ифтихорӣ ва медали "Алабайи боҷуръати туркмании сол"-ро, ки барои барандаҳои нахустин озмуни зебоии сагҳо дар таърихи он кишвар тақдим карда мешавад, шинос шудааст.

​Аз ин пеш, дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба саги алабайи туркӣ тандис гузоштанд. Дар расми пардабардорӣ аз тандис президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат кард.

Тарҳи тандис ҳанӯз моҳи ноябри соли 2019 аз сӯи президент тасдиқ шуда буд. Баландии маҷмуа 15 метр буда, 9 метри он пойдевор ва 6 метро тандиси саг ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG