Ссылки доступа

Узбекистон имсол ҳам нархи барқро гарон намекунад


Раиси ширкати "Шабакаҳои барқии минтақавӣ"-и Узбекистон Улуғбек Мустафоев 15 март иттилоъ дод, ки нархи нерӯи барқ дар ин кишвар имсол низ ба монанди соли гузашта гарон нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи Мустафоев, қарор аст, дар Узбекистон 15 ҳазор километр хати интиқоли барқ ва 4 ҳазор трансформатор замонавӣ карда шавад, ки имкон медиҳад, таъминоти 5 377 маҳалла бо барқ беҳтар гардад.

"Агар аҳамият дода бошед, давоми ду соли ахир нархи барқ гарон нашудааст. Президент дастур додааст, ки арзиши нерӯи барқ боло бурда нашавад. Нархи ҳама чизҳо боло рафт, вале аз барқ не", - афзуд ӯ.

Расонаҳо пештар борҳо хабар дода буданд, ки зимистони имсол дар Узбекистон буҳрони нерӯи барқ мушоҳида шуд.

XS
SM
MD
LG