Ссылки доступа

Путин гуфт, Русия дар кони тилои Қирғизистон $600 млн сармоягузорӣ мекунад


Президентҳои Қирғизистону Русия - Содир Ҷабборов ва Владимир Путин 17 март дар маросими бахшида ба оғози фаъолияти ширкати истихроҷкунандаи тило дар кони Ҷеруйи вилояти Талас онлайнӣ иштирок карданд.

"Оғози кори ширкати истихроҷкунандаи тилои Талас дар кони Ҷеруй дар ҳақиқат барои ҳамкориҳои иқтисодии Қирғизистону Русия, дар умум барои тақвияти шарикӣ ва ҳампаймонии ду кишвар дар оянда аҳамияти хос дорад", - изҳор дошт Владимир Путин.

Путин гуфт, сухан аз "ҳаҷми сармояи рекордии Русия дар Қирғизистон меравад, ки 600 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Дар кони тилои Талас пешрафтатарин технология ва таҷҳизот истифода мешавад, ки ба ҳама меъёрҳои зистмуҳитӣ ҷавобгӯ хоҳанд буд".

​Ба гуфтаи ӯ, "сармоягузорони рус ҳамчунин дар рушди иҷтимоии вилояти Талас саҳм хоҳанд гузошт ва бо ин мақсад бунёде низ таъсис шудааст, ки солона ба ҳисоби он то 2 миллион доллар ворид карда мешавад".

Ҷабборов дар навбати худ қайд кард, ки ҳангоми коркарди кони Ҷеруй бояд ба ду чиз таваҷҷуҳ зоҳир кард. "Якум, идомаи муколамаи ҳамаҷониба миёни ширкати истихроҷкунандаи тило ва сокинони маҳаллӣ зарур аст. Дувум, бояд тамоми талаботи зистмуҳитӣ ҳангоми истихроҷи кон риоя карда шавад", - афзуд вай.

Ҷеруй баъди Қумтор дувумин кони бузурги тилои Қирғизистон аст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳаҷми захираи он 84 тонна тило ва ҳудуди 10 тонна нуқраро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи коркарди кон соли 2015 дар як музояда бар ивази 100 миллион доллар ба ширкати русии "Восток-геолдобича", ки ба ширкати "Русская платина" марбут аст, фурӯхта шуд.

XS
SM
MD
LG