Ссылки доступа

Қирғизистон 150 ҳазор моя ваксинаи чинӣ дарёфт мекунад


Қирғизистон 19 март 150 ҳазор моя ваксинаи чинии зидди коронавирус -- "Sinopharm" дарёфт хоҳад кард. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев 18 март хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор моя ваксина барои 75 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. "Ҳамчунин миёни Қирғизистон ва Русия барои ҷудо кардани ваксинаи "Спутник V" созишнома имзо шудааст. Гуфтугӯҳо идома доранд ва дар рӯзҳои наздик ваксинаҳо дастрас хоҳанд шуд", - афзуд ӯ.

Ӯ дар мавриди баҳсҳо атрофи ваксинаи "AstraZeneca", ки қарор аст, дар доираи барномаи COVAX ҷудо шавад, гуфт, дар ҳоли ҳозир Қирғизистон натиҷаи озмоишҳоро мунтазир аст.

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи "Астразенека", сохтаи Бритониёву Шветсия ва Донишгоҳи Оксфорд, ҳоло яке аз мавзуъҳои асосӣ дар кишварҳои Аврупо аст. Баъзе аз кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, бо сабаби нигарониҳо аз лахташавии хун баъд аз қабули ваксинаи "Астразенека", муваққатан аз истифодаи он даст мекашанд.

То ин дам Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Ҷумҳурии Ирланд, Булғористон, Австрия истифода аз ваксинаи "Астразенека"-ро муваққатан боздоштанд. Аз кишварҳои Осиё ба мисли Индонезия ҳам гуфтанд, мунтазири баррасии натиҷаҳои санҷиши нави Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG