Дар санад мафҳуми "баранда" оварда шудааст, ки "амали иштирокдорони чорабиниро ҳамоҳанг, риояи мавзуъҳои он аз сӯи иштирокдорон ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин мекунад".
Лоиҳаро 24 вазорату оҷонсҳои давлатии Қазоқистон ба тасвиб расондаанд. Вале расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки лоиҳаи тасдиқшудаи санад бо худи рӯзноманигорон ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ баррасӣ нашудааст.
Лоиҳаи қоидаи аккредитатсияи рӯзноманигорон дар Қазоқистонро ҳукумати ин кишвар таҳия ва моҳи феврал барои баррасӣ пешниҳод карда буд. Ҳомиёни ҳуқуқи расонаҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки талаботи нав ба маҳдудтар шудани ҳуқуқи рӯзноманигорон ва озодии матбуот дар он кишвар мусоидат хоҳад кард.