Ссылки доступа

Ҳабиб Нурмуҳаммадов расман ба карераш хотима дод


Хабиб Нурмагомедов
Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи доғистонӣ ба карераи худ расман хотима бахшид. Дар ин бора раҳбари UFC Дэйна Уайт хабар додааст.

"Ӯ 100% расман дар нафақа аст. Тамошои кори шумо боварнакарданӣ буд. Ташаккур бар шумо. Аз он чизе, ки дар оянда рух медиҳад, лаззат бибаред, дустам", навиштааст Уайт дар Твиттер.

Нурмагомедови 32-сола бо рақобатҳояш дар UFC маъруф аст. Вай дар ҳамаи 28 қувваозмоӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар мусобиқаи UFC рӯзи 24-уми октябри соли гузашта бар рақибаш Ҷастин Гэйҷӣ, размкори амрикоӣ оид ба муҳорибаи омехта (MMA) даст боло шуда, ӯ бори дигар камарбанди қаҳрамониро дар вазни сабук дифоъ кард.

XS
SM
MD
LG