Ссылки доступа

Баҳси замин дар Андиҷони Узбекистон бо занозанӣ анҷомид (видео)


Один из автомобилей фермера, который наманганские земледельцы закидали камнями. Фото с сайте МВД.
Один из автомобилей фермера, который наманганские земледельцы закидали камнями. Фото с сайте МВД.

Даҳҳо сокини деҳаи "Испарон"и ноҳияи Косони Узбекистон 17 март дар эътироз ба гирифта шудани заминҳои назди ҳавлигияшон раҳбари як хоҷагии боғпарварии ноҳияро бо кормандонаш сангборон кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, сокинон ба раҳбари хоҷагӣ К.М. ва кормандонаш зарари ҷисмонӣ ва ба чаҳор мошини онҳо -- Nexia-3, Niva, Hyundai, Merсedes-benz осеб расондаанд.

Ҳодиса 17 март дар деҳаи "Испарон" рух додааст. Дар видеое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, даҳҳо зану мард ба ҷониби якдигар санг ҳаво медиҳанд.

Дар миёни онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён низ ҳастанд. Ҳамчунин мошини "ёрии таъҷилӣ" ҳам дида мешавад.

В Намангане земледельцы, у которых отобрали приусадебные участки, закидали камнями фермера
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:42 0:00

Яке аз сокинони ноҳияи Косон ҳодисаро чунин нақл кард, "мо заминҳоро обод карда, солҳо ҳамчун замини наздиҳавлигӣ истифода мебарем. Вале ҳоло раҳбари хоҷагии боғпарварӣ омада, мегӯяд, ки заминҳои шумо дар ҳисоби хоҷагии ман аст ва ман онҳоро мегирам. Мардум ба ин тасмими вай эътироз карданд ва дар натиҷа баҳси лафзӣ ба низоъ печид. Мардум танҳо баъди омадани мақомот ором шуданд".

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон баъди ду рӯз бо нашри изҳороте гуфт, дар ин низоъ ҳудуди 50-60 марду зан иштирок доштанд. Дар натиҷаи он раҳбари хоҷагӣ ва чанд кормандаш осеб дидаанд. Зидди ду мард бо банди "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG