Ссылки доступа

Дар Сурия задухурдҳои мусаллаҳона дубора оғоз шуданд (видео)


Разрушенный во время войны квартал в Думе, пригороде Дамаска
Разрушенный во время войны квартал в Думе, пригороде Дамаска

Задухурдҳои мусаллаҳона дар ҷануби Сурия дубора оғоз шуда, 21 март дар натиҷаи бомбаборони як бемористон дар шаҳри ал-Атариби вилояти Ҳалаб чандин сокини осоишта захмӣ шуданд, ки дар миёнашон шаш кӯдак низ ҳаст.

Бино ба изҳороти Кумитаи байналмилалии наҷот, дар натиҷаи бомбаборон 16 нафар, аз ҷумла 5 табиби бемористон захм бардоштаанд. Вазорати дифои Туркия низ рӯзи якшанбе хабар дод, ки нерӯҳои ҳукумати Сурия як бемористонро дар ал-Атариб бомбаборон карданд.

Ин бомбаборон бар хилофи шартҳои оташбасе аст, ки моҳи марти соли 2020 аз сӯи Русия ва Туркия дар Сурия эълом шуда буд.

Хабаргузории туркии "Анадолу" ҳам 21 март иттилоъ дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Русия дар шимолу ғарби Сурия, вилояти Идлиб як нафар кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳавопаймоҳо нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мошинҳои боркаш ва анбори созмони маҳаллии башардӯстонаро ҳадаф қарор додаанд.

Тайи ҷанги шаҳрвандии чандинсолаи Сурия Русия аз президенти ин кишвар Башор Асад ҳимоят мекунад. Ин ҷанг дар пайи саркӯби эътирозҳои зиддиҳукуматии моҳи марти соли 2011 оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG