Ссылки доступа

Пулиси Узбекистон суманакпазии занони нимурёнро таҳқиқ дорад


Пулиси Ургенчи Узбекистон таҳқиқи суманакпазии чандин зани нимурёнро дар тарабхонаи "Сахара", ки видеои он баҳсҳои тундеро дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, оғоз кардааст.

Видеои суманакпазӣ 21 март дар Интернет нашр шуд. Занони нимурён, ки дар видео дида мешаванд, раққосаҳои клуби шабонаи "Сахара" будаанд.

Ҳамаи ин занҳо 22 март барои бозпурсӣ ба Идораи пулиси Ургенч даъват ва акси онҳо ҳангоми бозпурсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Дар пайи нашри навор маъмурияти Ургенч бо вуҷуди рӯзи истироҳатӣ будани 21 март ҷаласаи махсус баргузор ва ҳодисаро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ видео шаби 20 март дар "Сахара" сабт шудааст.

Раёсати пулиси вилояти Хоразм, ки Ургенч тобеи он аст, 22 март аз оғози таҳқиқи қазия хабар дод. Ба гуфтаи масъулони раёсат, эҳтимол аст, зидди занон бо банди "Майдаавбошӣ" парванда боз шавад.

XS
SM
MD
LG