Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар Колорадо: 10 кас кушта шуд


Дар натиҷаи тирпаронӣ дар як фурӯшгоҳи шаҳри Боулдери иёлати Колорадо дасти кам 10 нафар, аз ҷумла як корманди пулис кушта шудааст.

Ба гуфтаи сардори пулиси маҳаллӣ Марис Херолд, гумонбарро боздошт боздошт кардаанд. Шабакаҳои телевизионии Амрико видеои берунории шахси ҳамлагар аз дохили биноро нашр карданд.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи сабабҳои ҳамла чизе гуфта намешавад. Сухангӯи президенти ИМА Ҷен Псакӣ гуфт, раисҷумҳур Ҷо Байден аз ҳодиса огаҳ карда шудааст.

Ин дувумин тирпаронии хунинест, ки давоми як ҳафтаи ахир дар ИМА рух медиҳад. Рӯзи 16 март низ дар се маркази фароғатии иёлати Ҷорҷияи Амрико тирпаронӣ сурат гирифта, ҳашт нафар ҷон бохта буд.

XS
SM
MD
LG