Ссылки доступа

Қирғизистон наметавонад "Қамбарота-1"-ро худаш бисозад


Раиси Оҷонси пешбурд ва ҳимояти сармояҳои Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов 23 март дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасмими ин кишвар дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқии обии "Қамбарота-1"-ро бо Узбекистон шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон давоми 15 соли ахир наметавонад мустақилона неругоҳро созад ва дар ҷараёни сафари давлатии президенти он кишвар Содир Ҷабборов ба Узбекистон барои бунёди муштараки "Қамбарота-1" созиш ҳосил шудааст.

"Албатта, дар ин масъала мо манфиатҳои давлатии худро дорем. Одамҳое ҳастанд, ки мегӯянд, неругоҳ набояд муштарак сохта шавад. Вале агар хуб фикр кунем, бо ҳам сохтани неругоҳ тасмими дуруст аст. Бояд гуфт, ки мудирияти барқи истеҳсолшаванда дар ихтиёри мо аст ва ҷониби Узбекистон сармоягузорӣ мекунад. Дар ҳоле ки мо ин сармояро ҳоло дар кишварҳои дигар ҷустуҷӯ дорем, Узбекистон алоқамандии худро баён кардааст", - изҳор дошт ӯ.

Пештар мақомоти Узбекистону Қирғизистон гуфтанд, тасмим гирифтаанд, ки "Қамбарота-1"-ро дар рӯдхонаи Норин бо ҳам иҷро кунанд. Ин созиш дар ҷараёни сафари давлатии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Узбекистон ҳосил шудааст.

"Корҳо аллакай оғоз шуданд. Худо хоста бошад, нерӯгоҳи "Қамбарота-1" дар давоми се сол бунёд хоҳад шуд. Тарҳ пурра иҷро мешавад. Мо 30 сол мешавад, ки ин иншоотро бунёд карда наметавонем. Вале ҳоло нақша дорем, дар давоми 3 сол бунёди нерӯгоҳро ба поён расонем", - изҳор дошт Ҷабборов дар суҳбат бо хабарнигорон.

Иҷрои тарҳи бунёди "Қамбарота-1" дар рӯдхонаи Норин чанд сол аст, ки ба таъхир меафтад. Бунёди ин нирӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт ҳанӯз дар охирҳои соли 1980 дар назар буд. Вале то ҳол иҷро нашудааст.

Ҳукумати Қирғизистон барои бунёди нирӯгоҳи мазкур бори охир соли 2012 бо Русия созишнома ба имзо расонд. Вале санад соли 2016 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG