Ссылки доступа

HRW аз Узбекистон хост, ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро таъмин кунад


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз боздошти худсаронаву ҳабс ва зиндонӣ шудани ҳамҷинсгароён дар Узбекистон нигаронӣ намуда, аз Тошканди расмӣ даъват кардааст, ба қонунгузории кишвар тағйироте ворид созад, ки таъмини ҳуқуқи онҳоро кафолат медиҳад.

Дар изҳороти HRW аз 23 март омадааст, "ҳамҷинсгароситезӣ, тарсондан ва таъқиби ҳамҷинсгароён дар Узбекистон, ки узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ мебошад, ислоҳоти оғоз кардаи Тошканди расмиро "хатчадор" хоҳад кард".

HRW мегӯяд, Узбекистон бояд банди 120-и Кодекси ҷиноии ин кишварро, ки робитаҳои ҳамҷинсгароиро ҷиноят меҳисобад, бекор кунад.

Ҳамчунин аз Тошканд даъват шуда, ки ҳолатҳои таъқибу таҳқири ҳамҷинсгароёнро тафтиш ва дастандаркорони онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад.

XS
SM
MD
LG