Ссылки доступа

Рӯзноманигори Kun.uz дар Самарқанд таҳдид ба қатл шуд


Корреспондент Kun.uz в Самарканде Анвар Мустафокулов.
Корреспондент Kun.uz в Самарканде Анвар Мустафокулов.

Раёсати пулиси вилояти Самарқанди Узбекистон қазияи таҳдид ба қатл шудани рӯзноманигори маҳалии сомонаи Kun.uz Анвар Мустафоқуловро таҳқиқ мекунад.

Хабарнигори Kun.uz дар Самарқанд ба пулис шикоят кардааст, ки кормандони ширкати миллии сайёҳӣ ӯро аз коргоҳи худ пеш, таҳқир ва таҳдид ба қатл кардаанд.

Рӯзноманигор мегӯяд, ба далели ҷараён доштани тафтишот аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунад.

Kun.uz 19 март дар як матлаб навишт, ки сомона таҳқиқи мушкили узбекистониҳоеро оғоз карда, ки тавассути ширкатҳои русии бинокорӣ аз қабили "Пик Индустрия" ва "Технострой" барои кор ба Русия мераванд.

Бинобар ин, Мустафоқулов дар доираи ин таҳқиқот барои омӯзиши сабабҳои гаронии билети парвоз ба Русия ба ширкати "Панорама болалар уйи" дар Самарқанд рафта буд, вале кормандони ширкат ӯро ронда ва таҳдид ба қатл кардаанд.

Дар Раёсати пулиси Самарқанд гуфтанд, ки баёноти ҷонибҳоро аллакай гирифтаанд ва рӯзҳои наздик ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Блогер аз Самарқанд Уткир Чоршанбиев мегӯяд, вақтҳои ахир муносибати мақомот бо рӯзноманигорон ва блогерон бадтар шудааст.

XS
SM
MD
LG