Кумита гуфтааст, дар рафти тафтиши парванда иддаои зарар расондани Бабанов ва хонаводааш ба манфиатҳои давлат, шахсони ҳуқуқию шаҳрвандон тасдиқи худро наёфтанд.
"Ҳамчунин бо Бабанов созиш карда шуд, ки ӯ ба хотири дастгирӣ ба буҷаи давлат 100 миллион сом (наздики 1,2 миллион доллар) хоҳад гузаронд", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Баъди интихоботи президентии соли 2017 дар Қирғизистон, ки Омурбек Бабанов мақоми дувумро касб карда буд, кишварро тарк ва фаъолияти сиёсиашро хатм кард. Вай дар Москва қарор дошт ва моҳи августи соли 2019 ба Қирғизистон баргашт.
Бабановро дар моҳи августи соли 2019 дар пулиси молӣ ва КДАМ борҳо бозпурсӣ карданд. Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки нисбати Бабанов 8 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бабанов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон аз номзадии раисҷумҳури кунунӣ Содир Ҷабборов ҷонибдорӣ карда буд.