Ссылки доступа

Шаш зани узбек барои тани нимурён пухтани суманак муҷозот шуданд


Додгоҳи шаҳри Ургенчи Узбекистон шаш занеро муҷозот кард, ки шаби 20 март дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр тани нимурён суманак пухта буданд.

Парвандаи маъмурии занон 24 март бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори ом баррасӣ шудааст.

Се нафари ин занҳо бар асоси банди "Майдаавбошӣ" айбдор эълом ва 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. Додгоҳ се гумонбари дигарро ба маблағи 1,22 миллион сӯм (ҳудуди 100 доллар) ҷарима бастааст. Ин се нафар ба хотири кудаки ноболиғ доштан танҳо ҷарима шудаанд.

Видеои суманакпазии бонувони нимурён 21 март дар Интернет нашр шуда, баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Онҳо раққосаҳои клуби шабонаи "Сахара" будаанд. Баъди нашри видео ва вокуниши тунди корбарон ҳамаи занҳо 22 март барои бозпурсӣ ба Идораи пулиси Ургенч даъват ва акси онҳо ҳангоми бозпурсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG