Ссылки доступа

Қирғизистон эмкунӣ зидди коронавирусро 29 март оғоз мекунад


Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, 29 март дар он кишвар даври аввали эмкунӣ зидди коронавируси нав оғоз хоҳад шуд.

Дар навбати аввал қарор аст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва онҳое эм карда шаванд, ки дар минтақаҳои хатарнок, беморхонаҳо ва "ёрии таъҷилӣ" кор мекунанд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек 5 нуқта, дар вилояти Чуй 2 нуқта ва дар шаҳри Ӯш 2 нуқтаи гузаронидани ваксинаи зидди коронавирус ташкил шудааст. Интиқоли ваксина аллакай ба вилоятҳои Ӯшу Чуй оғоз шудааст.

Манбаъ мегӯяд, раванди ваксингузаронӣ аз ду марҳила иборат буда, ба сокинон ихтиёрӣ гузаронида хоҳад шуд.

Қирғизистон 19 марти соли равон 150 ҳазор моя ваксинаи чинии Sinopharm дарёфт карда буд. Он барои 75 ҳазор одам мерасад.

XS
SM
MD
LG