Сухангӯи Вазорати кишоварзӣ, захираҳои об ва рушди минтақаҳои Қирғизистон Темирҷон Мааткеримов гуфт, барои хариди 500 тонна равғани растанӣ ва 3 ҳазор тонна шакар бо ҷониби Русия қарордод имзо шудааст.
Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ вақтҳои ахир ба яке аз мушкилоти асосии иҷтимоии Қирғизистон табдил ёфтааст.
Соли 2020 дар ин кишвар нархи маҳсулоти ғизоӣ 16,6 дарсад боло рафта буд, ки назар ба дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баландтар аст. Барои намнуа, соли гузашта арзиши равғани офтобпараст дар Қирғизистон 1,7 баробар гаронтар шудааст.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 15 март гуфт, ҳукумати ин кишвар барои харидории маҳсулот аз Русия 400 миллион сом ҷудо кардааст. Ӯ гуфт, маҳсулоти русӣ дар бозорҳои Қирғизистон арзонтар фурӯхта мешавад.