Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ озмоиши мушаки навро тасдиқ кард (видео)


Куриёи Шимолӣ тасдиқ кард, ки ду мушаки нави тактикиро озмоиш кардааст. Дар ин бора Оҷонси марказии телеграфии Куриёи Шимолӣ хабар дод.

Нахуст дар ин бора низомиёни Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 25 март хабар доданд, ки Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон ду мушак партоб кардааст. Мушакҳо наздики 600 км парвоз карда, ба ҳадаф расидаанд. Ин мушакҳо метавонанд, кулоҳакҳои то 2,5 тонаро ҳамл диҳанд.

Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ дар ҷараёни озмоиш ширкат накард.

Ҷопон гуфт, озмоиши мушак ба вазъи амнияти минтақа хатар дорад.

Куриёи Шимолӣ ҳамзамон рӯзи 21 март ду мушаки болдор партоб кард. Мушакҳо дар баҳри Зард уфтоданд.

Вашингтон ин рафтори Пхенянро маҳкум кард. Дар ҳамин ҳол, Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, озмоиши мушакҳоро иғво намеҳисобад.

Коршиносон мегӯянд, партоби мушакҳо мумкин аст, ба омодагии гуфтугӯҳо бо ҳукумати нави ИМА рабт дошта бошад.

XS
SM
MD
LG