Ссылки доступа

"Бидуни шитоб сарашро буридаву дар об ҷӯшонид": Қазоқистон аз қатли бераҳмонаи зани ҷавоне ба ваҳшат уфтод (видео)


Казахстан в шоке от жестокого убийства молодой студентки в Алматы
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:53 0:00

Сокинони Қазоқистонро хабари қатли бераҳмонаи як зани ҷавон дар Алмато ваҳшатзада кард. Аяжан Едилова 19 сол дошт ва дар шаҳри Алмато зиндагиву дар донишгоҳ таҳсил мекард. Вай ҳамзамон дар кошонаи ҳусн кор мекард.

Рӯзи 19 март вай ба кор рафт, аммо ба хобгоҳаш барнагашт. Дӯстписари вай аз гум шудани Аяжан ба хешовандон ва пулис хабар дод. Хешовандони Аяжан мегӯянд, пулис барои ҷустуҷӯи вай талоши лозимиро ба харҷ надодааст.

Барои пайдо кардани Аяжан хешовандонаш иқдом карданд. Суроғаи охирини ӯро пайдо ва ба онҷо рафтанд. Ба маҳзи расидани хешовандон кормандони пулис ва ёрии таъҷилӣ аллакай онҷо буданд. Хешовандон боздошти мардеро шоҳид шуданд. Аммо то ин замон Аяжан куштаву ҷисман пора-пора шуда буд.

Бо ин вуҷуд пулис дар рӯзи аввал ба хешовандони Аяжан аз кушта шудани вай хабар надоданд. Танҳо субҳи рӯзи дигар хешовандон дар расонаҳо аз қатли бераҳмонаи вай хабардор шуданд. Ин куштор тамоми Қазоқистонро ваҳшатзада кард.

Гумонбари ин куштор марди 28-солаи зодаи вилояти Туркистони Қазоқистон аст. Гумонбар ҳоло дар бемористон бистарӣ шудаву пулис ӯро муҳофизат мекунад.

XS
SM
MD
LG