Ссылки доступа

Ҳамла ба корхонаи дузандагӣ: тоҷирони бозори "Дордой"-и Қирғизистон фаъолияти мустақилонаи онро намехоҳанд, (видео)


Шаби 27 март як гуруҳи одамон ба корхонаи дузандагие дар бозори Ӯши шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳамла бурданд.

Ба иттилои расонаҳо, ин гуруҳи одамон тоҷирони бозори либосфурӯшии "Дордой"-и Бишкек буда, аз корхонаи дузандагӣ талаб доранд, бо шаҳрвандони Тоҷикистон мустақилона кор накунанд, ки либос харида, ба шаҳри Москваи Русия мебаранд.

Ин иттилоъро пулиси шаҳри Бишкек тасдиқ кард.

Расонаҳои Қирғизистон менависанд, дар он кишвар мубориза барои содироти маҳсулоти дузандагӣ сар задааст. Соҳибони корхонаҳои дузандагӣ мехоҳанд, мустақиман бо тоҷироне кор кунанд, ки ба Москва либос мебаранд. Аммо, эҳтимолан, тоҷирони бозори "Дордой", ки пештар соҳиби ин тиҷорат буданд, аз фаъолияти корхонаҳои дузандагӣ розӣ нестанд. Тоҷирон шикоят доранд, ки робитаи мустақили корхонаҳо бо тоҷирони бозорҳои Москва ба саноати дузандагии Қирғизистон зиён мерасонад.

"Тоҷирони берунӣ, ки асосан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборатанд, аз таҳдидҳо шикоят доранд", - менависанд расонаҳои Қирғизистон.

Тоҷирони бозори "Дордой" таҳдид кардаанд, ки дар сурати иҷро нашудани талаби онҳо, ҳамаи дастгоҳҳои корхонаи дузандагиро аз худ мекунанд.

Пулиси Бишкек хабар дод, ки шахсияти ҳамлагаронро муайян ва онҳоро дар ҳоли ҳозир ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG