Ссылки доступа

Иззат Амонро аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе дастгир карданд. Пайвандонаш "ғайриқонунӣ" номиданд


Иззат Амон
Иззат Амон

Пайвандони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки дар Душанбе боздошт шудааст, мегӯянд, мақомоти тоҷик то ҳанӯз дар бораи макони нигаҳдории ӯ ба онҳо хабар надодааст.

Онҳо ихроҷи ӯ аз Русия ва боздошташ дар Тоҷикистонро хилофи қонун унвон карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март хабар дод, ки бо "сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия" бо қарори додгоҳи ноҳияи Твер Иззат Амон аз ин кишвар "ронда шуд".

Ба иттилои Вазорат, ӯ ба “қаллобӣ” гумонбар мешавад ва дар боздошт қарор дорад.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 27-уми март гуфт, ки аз боздошти падараш аз расонаҳо огоҳ шудааст ва то кунун ӯро дар Душанбе надидааст.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳангоми боздошти шаҳрванд ба пайвандони ӯ бояд хабар дода шавад.

Муҳаммадюсуф Холов гуфт, бори охир 24-уми март, як рӯз қабл аз нопадид шудан, бо падараш телефонӣ суҳбат карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, падараш аз лағви шаҳрвандии Русия ва эҳтимоли ихроҷ шуданаш ба Тоҷикистон нигаронӣ дошт.

“Падари маро гуё барои қаллобӣ боздошт кардаанд. Бубинед, ки ду сол пеш ман аз як нафар бояд мошин мехаридам ва дар Душанбе ба ӯ 70 ҳазор сомонӣ додам. Фиребам дод. Ду сол боз ба ҳама мақомот муроҷиат кардам, вале ҳеҷ кас ба додам нарасид. Акнун худатон фикр кунед, ки мақомот гуё барои 40 ҳазор рубл як касро дар Русия боздошт карда ба Тоҷикистон меоранд. Маълум аст, ки ин ҷо гап дигар аст”,--гуфт ӯ.

Саёра Тағоева, ҳамсари Иззат Амон, ки дар Русия қарор дорад, рӯзи 27-уми март гуфт, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқи шавҳараш адвокат гирифтаанд.

Ӯ ихроҷи шавҳараш аз Русияро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, аз ин амали мақомот ба додгоҳ шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи Тағоева, ҳатто ба онҳо фурсати шикоят аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоиро надоданд, ки ин хилофи қонунҳои Русия аст.

“Мо бо кумаки адвокатҳо ба пулис ариза навиштем ва ба ҳама мақомоти дахлдори Русия низ шикоят мекунем. Ин коре, ки нисбат ба шавҳари ман шудааст, пурра ғайриқонунӣ ҳаст”,--гуфт ӯ.

Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав аст, ки пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.

Ҷонибдоронаш рӯзи 25-уми март аз нопадид шудани ӯ хабар доданд. Дар як навори аз қабл сабтшуда Иззат Амон иддао кардааст, ки таҳти таъқиб қарор дошт ва дар сурати боздошт ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе мефиристанд".

Иззат Амон дар идомаи суҳбати видеоӣ, ки шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.

Аз ин пеш додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор карда буд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст.

Моҳи октябри соли гузашта, мақомоти интизомии Маскав дафтари Маркази тоҷиконро бо баҳонаи "ҷустуҷӯи адабиёти ифротгароёна" тафтиш карда буданд. Дар дастуре, ки нусхаи он дар Фейсбук нашр шуд, гуфта буданд, "Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст". Иззат Амон он замон гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.

XS
SM
MD
LG