Ссылки доступа

Сарвазири Арманистон моҳи апрел ба истеъфо меравад


Никол Пашинян

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон гуфт, ки моҳи апрел истеъфо медиҳад. Вай гуфт, "ба хотири "рафтан" истеъфо намедиҳад, балки барои баргузории интихоботи ғайринавбатии порлумонӣ истеъфо медиҳад".

Бино ба қонунгузории он кишвар, то замони баргузории интихоботи нав Пашинян иҷрокунандаи вазифаи сарвазир боқӣ мемонад. Интихоботи ғайринавбатӣ дар Арманистон моҳи июн дар назар аст.

Мухолифон талош доранд, ки Пашинян комилан аз ҳукумат барканор шавад. Мухолифони сарвазир рӯзи 28 март дар маркази шаҳри Ереван гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Пештар мухолифон гуфтанд, бе истеъфои Пашинян интихобот шаффоф баргузор нахоҳад шуд, аммо сарвазир ваъда кард, дар сурати шикаст дар интихобот ҳукуматро ба шахси ғолиб таслим мекунад.

Эътирозҳо дар Арманистон аз як моҳ пештар шуруъ шуданд. Аз ибтидо мухолифони Арманистон аз созишномаи сулҳомези Арманистон бо Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Куҳӣ эътироз доштанд. Бино ба созишнома, қисме аз ҳудуди Қарабоғи Куҳӣ ба ихтиёри Озарбойҷон гузашт. Пашинян мегӯяд, танҳо бо ин роҳ мешуд, пеши роҳи ҷангро гирифт.

XS
SM
MD
LG