Ссылки доступа

Дар Тошканд блогереро латту кӯб карданд, ки аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён ҳимоят мекард


Блогере, ки тасмим дошт, рӯзи 28 март дар маркази шаҳри Тошканд барои ҳаводорони филмҳои тасвирии ҷопонӣ ва мусиқии куриёӣ чорабиние баргузор кунад, аз сӯи афроди номаълум латту кӯб шуд.

Табибон мегӯянд, Миразиз Бозорови 29-сола ба ҷарроҳии мағзи сар ниёз дорад.

Бозоров шоми 28 март бо чӯби бейсболбозӣ латту кӯб шуд.

"Вақте вай ба даҳлези хонааш расид, мошине пеши даҳлез ист кард. Аз мошин 3 марди ниқобпӯш берун шуданд ва ба латту кӯби блогер шуруъ карданд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Ба гуфтаи шоҳиди ҳодиса, латту кӯб 3 дақиқа идома кардааст.

Миразиз Бозоровро дар беморхонаи шикастабандии шаҳри Тошканд бистарӣ карданд. Табибон гуфтанд, аъзои дарунӣ ва мағзи сари Бозоров осеб дида, пои чапаш шикастааст.

Бозоров дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи "Канали Бозоров" саҳифа дорад. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо талаб кард, ки моддаи "ҳамҷинсгароӣ" аз Кодекси ҷиноии Узбекистон бардошта шавад. Вай ҳамзамон аз сиёсатҳои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев интиқод мекунад. Бозоров аз шаҳрвандони Узбекистон даъват кард, ки интихоботҳоро таҳрим кунанд.

XS
SM
MD
LG