Ссылки доступа

ВКД Узбекистон гуфт, блогери латукӯбшуда бо "неруҳои харобиовари хориҷӣ" ҳамкорӣ дошт


Вазорати корҳои дохилии Узбекистон гуфт, блогер Миразиз Бозоров дар латту кӯб шуданаш худаш "айбдор" аст.

Ба иттилои расмии ВКД, Миразиз Бозоров дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроди дорои нигоҳҳои ҳамҷинсгароёнаро ба гирдиҳамоӣ дар назди масҷиди ба номи "Ҳазрати Имом" даъват кардааст.

Дар изҳороти ВКД омадааст, ки Бозоров пештар "тартиботи ҷамъиятиро огоҳона нодида гирифта", наворҳои барои миллати узбек ғайри қобили қабулро паҳн карда ва ба ин тартиб, "рафтори бадахлоқонаи худро ба намоиш гузоштааст".

"Дар натиҷа рӯзи 28 март як гуруҳ аз шаҳрвандон, ки даъватҳои ӯро таҳқиромез донистаанд, дар кӯчаи Амир Темуру Тошканд ҷамъ шуда, мавқеи худро нисбати ин даъватҳо баён кардаанд", - омадааст дар изҳорот.

Дар навори изҳороте, ки ВКД нашр кард, омадааст: "ин одам бо ёрии нерӯҳои харобиовари хориҷӣ амал карда, талош дошт, ки ҳамҷинсгароиро таблиғ намояд ва ба ин тартиб, фазои таҳаммулногароӣ ва эътирозро ба бор овардааст".

Миразиз Бозоров тасмим дошт, рӯзи 28 март дар маркази шаҳри Тошканд чорабиние баргузор кунад. Ӯро ҳамон рӯз афроди ношинос латту кӯб карданд. Вай айни замон дар бемористон бистарӣ аст.

XS
SM
MD
LG