Ссылки доступа

Роҳбарони 23 кишвар ба созиши ҷаҳонии мубориза зидди вабоҳо даъват карданд


Роҳбарони 23 кишвар ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба созиши муштарак дар амри мубориза бо вабоҳо даъват карданд.

Ба даъват Бритониё, Олмон, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои дигар шомил шуданд. Дар изҳороти муштарак омадааст, ки ҳеч кадом кишвар ва ҳеч кадом созмон ба танҳоӣ наметавонад, хатарҳои вобаста ба вабоҳоро рафъ кунад. Созиши муштарак, ба бовари ташаббускорон, бояд ҳамкорӣ байни кишварҳоро оид ба огоҳсозӣ дар ҳолатҳои фавқулода тақвият бахшида, табодули иттилоъ ва пажуҳишҳоро ба роҳ монад.

Роҳбарони кишварҳои ташаббускор гуфтанд, вабои COVID-19 баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бузургтарин мушкилро эҷод карда ва онро танҳо дар якҷоягӣ мешавад ҳал кард. Ташаббускорон гуфтанд, истеҳсоли воксин ва гузаронидани он ба сокинон аҳамияти зиёд дорад ва ин кор бояд зудтар анҷом шавад.

Аз оғози вабои коронавирус дар саросари дунё зиёда аз 128 миллион ҳолати гирифторӣ сабт шуда, қариб 3 миллион кас аз он фавтидааст. ИМА нисбат ба кишварҳои дигар болотарин теъдоди гирифторон ва теъдоди фавтидагонро дорад. Дар он кишвар бештар аз 31 миллион кас гирифтор ва бештар аз ним миллион кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG