Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, 13 ҳазор га замини баҳсиро соҳиб шудаанд


Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 30 март дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш гуфт, "13 ҳазор га замини баҳсӣ ба Қирғизистон гузаштааст".

"800 га обанбори Орто-Токой дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир аст. Аммо 95 дарсади оби онро Узбекистон истифода мекунад ва мо танҳо 5 дарсади оби обанборро мегирем. Аз ҳамин хотир мо шарт гузоштем, ки ҳамсоя бояд барои ин 800 га замин ҷуброн пардозад ва дар иваз замин диҳад. То ин марҳила ҷониби Узбекистон ба мо 200 га замин дар ивази обанбор дода будааст. Мо талаб кардем, ки ҳудуди боқимонда низ ҷуброн шавад, аммо онҳо гуфтанд, дар ин сурат деҳаҳои Кок-Серек, Баястан ва Ункур-Тоо, ки дар ҳудуди Узбекистон ҳастанд, бояд кӯчонида шаванд. Аз ҳамин хотир мо ин деҳаҳоро дар ивази табодули ҳудуди обанбар ба худ гирифтем", - гуфт Тошиев.

Вай афзуд, 100 га замини наздимарзӣ дар ноҳияи Қара-Сууи Қирғизистон ба ҳудуди Узбекистон дароварда мешавад. Ба ҷуз ин, ҳудуди ноҳияи Узген ва Сузаки Қирғизистон 1000 га хоҳад афзуд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, баҳси марзӣ бо ҷониби Узбекистонро "сад дарсад" ҳал кардаву санади созиши марзӣ ҳам имзо намудаанд.

XS
SM
MD
LG