Ссылки доступа

Департаменти давлатии ИМА ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ишора кардааст


Департаменти давлатии ИМА рӯзи сешанбеи 30 март гузоришеро дар бораи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар соли 2020 нашр кард.

Қисмати қобили мулоҳизаи ин гузориш ба Қазоқистон бахшида шудааст.

Дар гузориш аз чанд намунаи "мушкилии ҷиддии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон" зикр шудааст. Ин мушкилиҳо аз "кушторҳои ғайриқонунӣ ва ё худсаронае, ки аз сӯи мақомот ва ё аз номи онҳо анҷом мешаванд", "шиканҷа аз сӯи мақомот ва ё аз номи онҳо", ҳабсҳои сиёсӣ, мушкили додгоҳҳои мустақил, маҳдудияти озодии баён, поймолсозии ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳои осоишта, маҳдудияти иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, фасодкорӣ, тиҷорати одамон ва ғайра иборатанд.

Департаменти давлатии ИМА гуфтааст, ҳокимияти иҷроия ҳокимияти қонунгузор ва додгоҳии Қазоқистонро таҳти назорат дорад. Мақомоти амниятии он кишвар ба таъқиби созмонҳои сабтиномнашуда, фаъолияти онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, муассисаҳои динӣ ва иттифоқҳои коргарӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG