Ссылки доступа

Қирғизистон тасмим дорад, бо кӯмаки муҳоҷирон аз Русия воксин харидорӣ кунад


Вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев гуфт, барои харидории воксини русии зидди коронавирус "Спутник V" бо тоҷирони қирғизистонии муқими Русия гуфтугӯ дорад.

Ба гуфтаи вазир, ба ҷуз ин, Қирғизистон интизор дорад, ки дар моҳҳои наздик 500 ҳазор вояи воксини "Спутник V" вориди кишвар мешавад. Дар бораи дастрасии ин миқдор вояи воксин президентҳои ду кишвар созиш ҳосил карда буданд. "Мо айни замон дар навбат истодаем. Русия тасмим дорад, дар охири моҳи апрел, ё моҳҳои май-июн воксини ваъдагиро фиристад. Аммо муҳоҷирон, тоҷирон ба мо муроҷиат карданд. Дар фурсатҳои наздик, мо тасмим дорем, ки бо кӯмаки онҳо воксини "Спутник V" харидорӣ кунем", - гуфт вазир.

Дар Қирғизистон рӯзи 29 март марҳилаи аввали воксинзании сокинон шуруъ шуд. Дар он кишвар ҳоло аз воксини чинии "Sinopharm" истифода мекунанд. Чин ба Қирғизистон 150 ҳазор вояи воксин додааст.

XS
SM
MD
LG