Кристин Шранер Бургенер, фиристодаи вижаи СММ дар ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 31 март аз қудратҳои ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз хунрезии навбатӣ иқдом кунанд.
Бургенер нагуфт, ки барои пешгирӣ аз хунрезӣ чӣ бояд кард, аммо таҳлилҳои ваҳмнокеро аз пароканда кардани эътирозгарон ба намоиш гузошт ва ба Шӯрои Амният хабар дод, Мянмар "наздик, ки ба як давлати ноком табдил шавад".
Мянмар шуруъ аз 1 феврал - баъди ғасби қудрат аз сӯи низомиён ва ҳабси роҳбари мардумӣ Аун Сан Су Чжӣ - вориди буҳрон шуд. Эътирозҳои густарда зидди ҳукумати низомиён бо тиру туфанг пароканда карда шуданд. Дар натиҷаи пароканда кардани эътирозҳо на камтар аз 500 кас кушта шудааст.
Маҳкумсозиҳои байналхалқӣ ва таҳримҳои ғарбӣ натавонистанд, ки низомиёнро ба тағйири масири сиёсӣ водоранд.