Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси Жумалиев - вакили порлумони Қирғизистон тамдид шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 31 март муҳлати ҳабси вакили порлумони он кишвар Кубаничбек Жумалиевро тамдид кард.

Ба ин тартиб, вакили порлумон то 14 апрел дар ҳабс боқӣ мемонад.

Жумалиев бо айби фасодкорӣ рӯзи 4 феврал боздошт шуд. Муҳлати аввалияи ҳабси вай то 4 апрел буд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Жумалиев ҳамроҳ бо роҳбарияти вазорати маориф ва илми он кишвар низоми фасодолудеро дар додани иҷозати фаъолияти Донишгоҳи байналхалқии тиббӣ ба роҳ мондааст. Мақомот ҳамчунин сарватандузии ғайриқонунӣ, қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва сарпечӣ аз пардохти андозро аз сӯи вакили порлумон ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG