Ссылки доступа

Дар Узбекистон воксинзании умумӣ шуруъ шуд


Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон рӯзи 1 апрел хабар дод, ки дар он кишвар воксинзании умумии зидди вабои коронавирус шуруъ шудааст.

Ба иттилои вазорат, айни замон дар он кишвар ду воксин: ZF-UZ-VAC2001 истеҳсоли муштараки Узбекистону Чин ва AstraZeneca-и Бритониё истифода мешавад.

Бино ба нақшаи аз пеш таҳияшуда, дар моҳи апрел 142,3 ҳазор кас дар Узбекистон воксин зада хоҳанд шуд.

Барои воксинзанӣ 3138 нуқта ва 862 тими тиббӣ ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG